Путин дар мулоқоти солона бештар аз ҷанги Украина гуфт
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Владимир Путин, президенти Русия, мулоқоти солонаашро бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ бо тасвири пешрафти артиши Русия дар ҷабҳаи ҷанг дар Украина оғоз намуд. Ӯ ҳеч ишора накард, ки Кремл барои расидан ба сулҳ ба кадом созише ё гузаште омода аст.