Раҳбарони аврупоӣ: Тасмими вогузории хок танҳо ҳаққи мардуми Украина аст

Раҳбарони аврупоӣ пас аз музокироти сулҳи Берлин дар як баёнияи муштарак эълон карданд, ки тасмимгирӣ дар бораи ҳар гуна вогузории қаламрави Украина танҳо ҳаққи мардуми ин кишвар аст ва он ҳам пас аз замонатҳои амниятии қавӣ.

Тибқи ин баёния, яке аз ин замонатҳои амниятие, ки рӯзи 15-уми декабр мавриди тавофуқ қарор гирифт, эҷоди нерӯҳо ба раҳбарии Аврупо аст, ки бо иштироки кишварҳои довталаб ташкил мешавад ва "дар таъмини амнияти фазоии Украина ва ҳифозат аз роҳҳои баҳрӣ нақш хоҳад дошт".

Ин баёния аз сӯи даҳ раҳбари аврупоӣ, аз ҷумла Урсула фон дер Лайен, раиси Кумисюни Аврупо нашр шуд.

Дар баёния дар бораи ончи ки "замонатҳои амниятии лозим" хонда шудааст, тавзеҳ дода шудааст, ки Украина бояд битавонад ҳудуди 800 ҳазор сарбозро ҳифз кунад, то тавони дифоӣ дар баробари ҳар гуна таҳдиди эҳтимолӣ дошта бошад.

Ин дар ҳоле аст, ки талошҳои Амрико барои поён додан ба ҷанги Русия дар Украина шиддат гирифтааст. Ҳайатҳои музокиракунандаи ду кишвар ҳафтаи ҷорӣ дар Берлин гуфтугӯ карданд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфтааст, ба назар мерасад даст ёфтан ба созиш барои поён додан ба бузургтарин ва хунинтарин даргирии Аврупо аз замони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум беш аз ҳар вақти дигаре наздиктар шудааст.