Варзишгарони тоҷик дар Парабозиҳои V осиёии наврасон, ки рӯзҳои 7-14-уми декабр дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор шуданд, 4 медал (як тило ва 3 нуқра) ба даст оварданд.
Дар Парабозиҳои осиёии наврасон зиёда аз 1350 варзишгар аз 40 кишвар дар 11 намуди паралимпӣ - армрестлинг (дастхобонӣ), бадминтон, баскетбол дар аробача, бочча, варзиши сабук, голбол, камонварӣ, пауэрлифтинг (вазнабардорӣ), таэквондо, тенниси рӯйи миз ва шиноварӣ - рақобат карданд.
Тоҷикистонро дар ин Парабозиҳо шаш варзишгар дар ду намуд – пауэрлифтинг (вазнабардорӣ) ва армрестлинг (дастхобонӣ) муаррифӣ намуданд.
Медали тилоро дар пауэрлифтинг (вазнабардорӣ) дар вазни 65 кило Аҳмади Фатҳиддин соҳиб шуд. Натиҷаи нишондодаи ӯ бардоштани 135 кило вазн болои сар мебошад.
Мизробиддин Олимов дар вазни 49 кило бо натиҷаи 110 килограмм медали нуқра гирифт.
Дар намуди дастхобонӣ (армрестлинг) варзишгари навраси тоҷик Ҳаитҷон Ҳусайнов ду медали нуқра ба даст овард. Ӯ дар рақобат бо аробача дар вазни мутлақ ҳам бо дасти чап ва ҳам бо дасти рост мақоми дуюмро соҳиб шуд.
Дар Парабозиҳои V осиёии наврасон дар Дубай варзишгарони Узбекистон, ки дар шаш намуд - варзиши сабук, шиноварӣ, таэквондо, бочча, армрестлинг и пауэрлифтинг - ҳунарнамоӣ карданд, натиҷаҳои баланди таърихӣ нишон доданд. Мунтахаби Узбекистон бо 197 медал (99 нишони тилло, 57 нуқра ва 41 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми аввалро касб намуд.
Ин муваффақият далели равшани рушди пуравҷи параспорт дар ин ҷумҳурӣ ва самарабахшии таълими мунтазами варзишгарони ҷавон мебошад.
Барои муқоиса, дар Парабозиҳои IV осиёии наврасон, ки соли 2021 дар Баҳрайн баргузор шуд, мунтахаби Узбекистон ҳамагӣ 16 медал ба даст оварда, дар мақоми шашум қарор гирифта буд. Пешрафти азим дар Дубай ба яке аз дастовардҳои назарраси варзиши Узбекистон дар солҳои охир табдил ёфта, таваҷҷуҳи густурдаи ҷомеаро ба бор овард.
Гуфтугӯ